Ҳамроҳшавӣ ба GS1
Чӣ гуна ба GS1 Tajikistan аъзо шудан мумкин аст?
Агар Шумо ва ташкилоти Шумо хоҳед, ки ба маҳсулоти худ штрих-код гузоред, аз стандартҳо ва мушаххасоти Системаи GS1 истифода баред, инчунин дар сурати зарурат бо мушаххасоти стандартҳои мубодилаи электронии маълумоти GS1 eCom шинос шавед ва рақами байналмилалии шиносоии GS1 Global Location Number гиред, пас ба яке аз Ташкилотҳои миллии GS1 аъзо шудан лозим аст.
Тибқи қоидаҳои байналмилалӣ, аъзошавӣ ба GS1 ихтиёрӣ мебошад. Стандартҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки корхонаҳоро вазифадор кунанд ба маҳсулоти худ штрих-код гузоранд, вуҷуд надоранд, бинобар ин қарор дар бораи штрихкодгузории маҳсулот ва узвият дар Ташкилоти миллӣ танҳо ба Шумо вобаста аст.
Агар Шумо қарор дода бошед, ки ба маҳсулоти корхонаи худ штрих-код гузоред, пас ба Ассотсиатсияи GS1 Tajikistan аъзо шудан лозим аст, ки узви Ассотсиатсияи байналмилалии GS1 ва ягона намояндаи он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳар кишвар / минтақа танҳо як намояндаи GS1 буда метавонад.
Ассотсиатсия аз корхонаҳои узв иборат аст, ки мақсаду вазифаҳои онро эътироф мекунанд, Оинномаву дигар ҳуҷҷатҳои онро иҷро менамоянд ва ҳаққи узвият месупоранд. Ассотсиатсия ҳадафи ба даст овардани фоидаро надорад ва ин дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он сабт шудааст.
Ҳуҷҷате, ки узвиятро дар ассотсиатсия тасдиқ мекунад, Шаҳодатнома дар бораи узвият (Сертификат) дар Ассотсиатсияи GS1 Tajikistan мебошад.
Тартиби аъзошавӣ ба Ассотсиатсияи рақамгузории ашёи GS1 Tajikistan
Барои ба ассотсиатсияи мо аъзо шудан, ба Шумо лозим аст, ки корҳои зеринро иҷро кунед:
1. Нусхаҳои зарурии ҳуҷҷатҳоро барои аъзошавӣ ҷамъ оваред, аз ҷумла:
а) Нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ (шаҳодатнома)
б) Нусхаи иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ (иқтибос)
в) Нусхаи РМА (гувоҳнома)
г) Нусхаи шиносномаи роҳбари корхона (паспорти роҳбар)
2. Аризаро (нусхаи аслӣ), инчунин замима ба ариза (шартнома)-ро пур кунед, ки асос барои ба расмият даровардани узвият дар Ассотсиатсия мебошад.
Ариза (Шакли 1)
[ Боргирӣ ]
Замима ба ариза (Шартнома)
[ Боргирӣ ]
3. Номгӯи маҳсулотро (Шакли 2), ки бояд штрихкодгузорӣ шавад, пур кунед.
Номгӯи маҳсулот (Шакли 2)
[ Боргирӣ ]
Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар компютер пур карда шаванд. Илова бар ин, ҳуҷҷатҳо бояд танҳо аз ҷониби роҳбари корхона имзо шаванд ва бо мӯҳр тасдиқ гарданд.
4. Пас аз иҷрои ҳамаи амалҳои дар боло зикршуда, Шумо бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳои тайёрро ба суроғаи электронии мо равон кунед: gs1.tjk@mail.ru, ё ба идораи Ассотсиатсия оед.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч. Ғ. Валаматзода 21 (ориентир Ёқут 2000).
Рӯзҳои корӣ: Дшб-Ҷмъ. Аз 9:00 то 18:00

Агар дар Шумо ягон савол ё пешниҳод пайдо шавад, ба хати ёрии таъҷилӣ муроҷиат кунед:
+992 37 880 17 25
ДИҚҚАТ! Корхонаи узви Ассотсиатсия ҳуқуқ надорад рақамҳои беназири шиносоии ба он додашударо ба корхонаҳо ва ташкилотҳои дигар вогузор кунад.